29.05.2024
Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо"
21 майи соли 2024, Рӯзи байналмилалии огоҳӣ аз хатари минаҳо ва кӯмак ба амалиёти зидди минаҳо бо иштироки роҳбарияти шарикони рушд барномаи Дафтари ихтисор ва беяроқсозии Департаменти давлатии Америка, Дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои минаҷуй Фонди Швейстари оид ба безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, Кумаки Мардуми Норвегия, Ротаи сапёрӣ-гуманитарии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳҳои минаҷуйи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони аз вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҷабрдидагони минаҳо ва зиёда аз 800 нафар аҳолии ҷамоатҳои деҳоти аз мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангии осепазир дар варзишгоҳи маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо” ташкил ва гузаронида шуд.
11.03.2024
5 марти соли 2024 аз ҷониби ММТММ ҷаласаи гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии техникии дар шаҳри Бохтар.
5 марти соли 2024 аз ҷониби Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ҷаласаи гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии техникии бахши кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (ЛНҶ) дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур 30 нафар иштирокчиён, ки аз онҳо 11 нафар занон ва 19 нафар мардон буданд, иштирок намуданд. Дар байни иштирокчиён намояндагони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва ҷабрдидагони минаҳо/ЛНҶ ва шахсони маъюбиятдошта буданд. Дар рафти ҷаласа маълумоти умумӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Марказ дар самти кӯмак ба ҷабрдидагон дар соли 2023 ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024, натиҷаҳои татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи амалиётҳои Осло” расонида шуд.
Кор дар гурӯҳҳои хурд ба он масъала нигаронида шуда буд, ки чӣ гуна мо метавонем ҳуқуқҳои ҷабрдидагони минаҳо ва дигар шахсони маъюбиятдоштаро беҳтар дастгирӣ кунем ва дар натиҷа шарҳҳо барои нақшаи нави амалиётҳои кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо пешниҳод шудаанд.
22.01.2024
Маъракаи кабудизоркуни, ободонӣ ва солимгардонии муҳити зист.
Маъракаи кабудизоркуни, ободонӣ ва солимгардонии муҳити зист дар шаҳри Душанбе рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст. Иқдоми дарахтшинони идомаи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон аст, ки ҳамвора ба сарсабзу хуррам гардонидани диёри биҳиштосоямон на танҳо таъкид мекунанд, балки худ дар ин гуна маъракаҳо фаъолона ширкат мекунанд. Аз ин лиҳоз бо ташаббуси Директори муассисаи давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо” дар таърихи 20 январи соли ҷорӣ дар Маркази таълимии муассиса ҳашари дарахтшинони, нарм кардани бехи дарахтон аз алафҳои бегона тоза намудани замин ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии дастаҷамонаи мазкур, кормандони муассиса ва шарикони рушди дар самти безараргардонии башардустонаи зидди минаҳо фаъолияткунанда ширкат намудаанд.
Ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, 7 декабри соли 2023, Китобхонаи миллии Тоҷикистон)
Ҳар сол пас аз итмом расидани мавсими поксозии башардӯстонаи минаҳои ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ дар моҳи декабр бо мақсади баррасии ҳисоботи фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо” (минбаъд Марказ) , натиҷаҳои фаъолиятҳо доир ба поксозии башардӯстонаи зидди минаҳо дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор мегардад.
Вазъи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ, дар 64-ум Сесияи Асамблеяи Созмони Милали Муттаҳид, ки 23 сентябри соли 2009 баргузор гардид, таъкид намуда буд: «Осиёи Миёна бояд, минтақаи аз минаҳо озод бошад ва мо барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ташкилотҳои байналмиллалиро даъват менамоем».