5 марти соли 2024 аз ҷониби Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ҷаласаи гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии техникии бахши кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (ЛНҶ) дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур 30 нафар иштирокчиён, ки аз онҳо 11 нафар занон ва 19 нафар мардон буданд, иштирок намуданд. Дар байни иштирокчиён намояндагони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва ҷабрдидагони минаҳо/ЛНҶ ва шахсони маъюбиятдошта буданд. Дар рафти ҷаласа маълумоти умумӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Марказ дар самти кӯмак ба ҷабрдидагон дар соли 2023 ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024, натиҷаҳои татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи амалиётҳои Осло” расонида шуд.
Кор дар гурӯҳҳои хурд ба он масъала нигаронида шуда буд, ки чӣ гуна мо метавонем ҳуқуқҳои ҷабрдидагони минаҳо ва дигар шахсони маъюбиятдоштаро беҳтар дастгирӣ кунем ва дар натиҷа шарҳҳо барои нақшаи нави амалиётҳои кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо пешниҳод шудаанд.