Ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, 7 декабри соли 2023, Китобхонаи миллии Тоҷикистон)
Ҳар сол пас аз итмом расидани мавсими поксозии башардӯстонаи минаҳои ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ дар моҳи декабр бо мақсади баррасии ҳисоботи фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо” (минбаъд Марказ) , натиҷаҳои фаъолиятҳо доир ба поксозии башардӯстонаи зидди минаҳо дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор мегардад.
Тоҷикистон дар давраи низоъҳои дохилии мусаллаҳонаи солҳои 1992–1997 бо минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ олуда шудааст. Хатари минаҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ вуҷуд дорад, ки сатҳи олудагии ин минтақаҳои кӯҳи ҳоло ҳам номуайян мебошад. Мувофиқи иттилооти мавҷуда аз соли 1992 то инҷониб 889 ҷабрдидаи минаҳо ва муҳимоти нотаркида ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 538 нафарашон маҷрӯҳ ва 351 ҳалок гашта, 28% онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Танҳо дар 11 моҳи соли 2023 дар натиҷаи таркиши мина ва 1 нафар ҳалок ва 1 нафари ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. Дар асоси фармони Президенти кишвар аз 23 сентябри соли 1999 ва сиёсати башардӯстонаи Ҳукумат, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2000 дар баробари 165 мамлакати дунё узви Конвенсияи СММ оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо (минбаъд Конвенсия) мебошад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти Конвенсияи Оттава оид ба ташкили иқтидори миллӣ, заминаи моддиву техникӣ, тақвияти малакаи банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, сафарбаркунӣ ва мувофиқи стандартҳои милливу байналмилалӣ оид ба поксозии башардӯстона гузаронидани амалиётҳои безараркунӣ, инчунин омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ ҷиҳати поксозии заминҳо аз минаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори худ аз 3 январи соли 2014 муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”-ро таъсис дод.
Маркази номбурда дар самти безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, нобудсозии захираҳои минаҳои зидди пиёдагард, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кумак ба ҷабрдидагони минаҳо ва гузаронидани таблиғот нисбати манъи минаҳои зиддипиёдагард фаъолият менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи мазкурро тӯли солҳои охир бо ҷидду ҷаҳд пайгирӣ намуда, ҷонибдори иҷрои бовиҷдононаи уҳдадории байналмилалӣ мебошад
Аз соли 2004 сар карда, то охири ноябри соли 2023 дар 22 ноҳияи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва ноҳияҳоии тобеъи ҷумҳури 415 майдони хатарнок, ки масоҳати умумиашон 33,7 млн метри мурабаъ (ё бо ибораи дигар 3370) гектар) ташкил медиҳанд, аз мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза ва дар натиҷа 84 316 минаи зиддипиёдагард ва зиддитанкӣ, 37 155 лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, 317 452 тири силоҳи сабук ва 319 кг маводи тарканда пайдо ва нобуд карда шуд. Аз масоҳати дар боло зикргардида 351 майдон бо масоҳати 27 млн метри мурабаъ ё бо ибораи дигар 2700 гектар замин барои истифодаи доимӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорида шуд.
Айни замон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 149 майдони тадқиқотшуда ва 6 майдони тадқиқотнашудаи майдони мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ бо масоҳати зиёда аз 12,7 км2 (1260 гектар) боқӣ мондаанд.