Системаи идораи маълумотҳои Амалиёти Зидди Минаҳо
Идораи иттилоот.
Идораи иттилоот барои ҳамагуна барномаҳои амалиёти марбут ба минаҳои ҷаҳон ҳамчун як ҷузъи асосӣ дониста шудааст. Барои кўмак ба барномаҳои умумиҷаҳонии амалиёти зидди минаҳо нармафзорҳои (software) зиёди компютерӣ истифода мешаванд. Баъзеи онҳо бо дар назардошти хусусиятҳои ягон мамлакати мушаххас ва эҳтиёҷоти ташкилотҳои иҷрокунандаи амалиёти зидди минаҳо таҳия карда шудаанд. Яке аз чунин нармафзорҳои маъмултарин, ки барои соҳаи амалиёти зидди минаҳои ҷаҳон сохта шудааст, «Системаи Идораи Иттилоот барои Амалиёти зидди минаҳо» (СИИАМ, англ. IMSMA) мебошад.
СИИАМ/ IMSMA
Идораи иттилоот барои ҳамагуна барномаи амалиёти зидди минаҳои ҷаҳон ҳамчун ҷузъи асосӣ дониста шудааст. Айни замон СИИАМ қариб дар 80%-и барномаҳои амалиёти зидди минаҳои ҷаҳон истифода шуда, он дар СММ низ ба ҳайси як барномаи муқаддами идораи иттилооти амалиёти зидди минаҳо қабул шудааст. Ду насли бонки иттилоотии СИИАМ маъмул аст:
1. ИИАМ «Legacy» (қонунӣ). Ин система аз ҷониби Институти Федеролии Технологии Швейтсария зиёда аз 10 сол пештар таҳия карда шуда, дар зиёда аз 40 мамакат, аз ҷумла, Тоҷикистон, истифода мешавад.
2. СИИАМ «NG». Ин система барои дастгирии нисбатан ҳамаҷонибаи идораи иттилооти соҳаи амалиёти зидди минаҳо таъин шудааст. Сохтори системаи мазкур тариқи пайвасти «муштарӣ - сервер» сохта шуда, дар он имкони ҳамроҳшавии барномаҳои нисбатан хурд – ҳатто бо иштироки 1 ё 2 нафар муштариён низ низ фароҳам овардааст. Айни замон ин система имкони пайвасти то 50, ё зиёдтар муштариёнро аз сайтҳо ва ташкилотҳои гуногун низ таъмин карда метавонад.
Идораи иттилоот на ба таври хаттӣ, балки даврӣ сохта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки алоқаи муттақобила ва имкони ворид намудани тағйирот дар раванди иҷрои амалиёт таъмин бошад. Кор аз нақшаи стратегии амалиёт оғоз ёфта, бояд тафсири роҳу усулҳои истифодаи ресурсҳоро дар бар гирад, то ин ки дар рафти он минбаъд ба система маълумоти зарурӣ ворид карда шавад.
Ташкилу танзими фаъолият оид ба идораи иттилоот бояд тибқи тартиби муайян ва ба хотири ноил гаштан ба мақсадҳои аниқи муқарраршуда ба роҳ монда шавад. Масалан, манбаъҳо, усулҳо ва санҷишҳои иттилоти зарурӣ бояд дуруст интихоб карда шаванд. Ҳамаи ширкаткунандагони ин раванд бояд оиди марҳилаҳои он фаҳмиши аниқу дуруст дошта бошанд. дар сурати ба талабот ҷавобгў набудани маълумот он бояд тағйирпазир бошад. Раванди назорат ва баҳодиҳӣ пешрафт дар асоси нақшаи амалиёт ба роҳ монда мешавад. Дар рафти чунин баҳодиҳӣ барои тағйир додани принсипҳои асосии раванди фаъолияти марбут ба манбаъ, усул ва санҷиши иттилоти зарурӣ бояд тавсияҳои пешниҳод карда шаванд.
Ва ниҳоят, агар маълумот мавриди истифода ва дастрасӣ ба дигарон нашавад, он бефоида мемонад.
Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо айни ҳол дар марҳилаи гузариш аз системаи идораи иттилоотии «IMSMA Legacy» ба «IMSMA NG» (насли нави СИИАМ) қарор дорад. Аз ин рў, тамоми варақаҳои стандартиву кории СИИАМ мавриди таҳқиқ қарор дошта, ба эҳтиёҷоти хоси кишвар мутобиқ гардонда шудаанд.
Маълумоти ҷуғрофӣ
Системаи иттилоотии ҷуғрофӣ (СИҶ/GIS) барои тасвири аёнӣ ва таҳлили маълумот оид ба амалиёти зидди минаҳо, инчунин таъмини тафсилот ва харитаи минтақаҳои бо минаҳо олудашуда истифода карда мешавад.
Намунаҳои харитаҳои умумӣ ва муфассал дар поён дода шудаанд.